Хабар

Имрӯз гармии ҳаво дар ҷумҳурӣ ба 29 дараҷа мерасад

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш гашта, дар баъзе ҷойҳо то 29 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Имрӯз, 23 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Вохӯрии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар ниҳоду сохторҳои пойтахт

Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе — Плаза» вохӯрии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хонандагону донишҷӯёни болаёқати шаҳр,  барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони

Ғолибони Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе муайян гардиданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе  доир гардид. Мусобиқаи мазкурбахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахт роҳандозӣ шуда, дар  он беҳтарин варзишгарони қитъаи Осиё ва Аврупо иштирок намуданд.

Страницы