Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат мекунад
Опубликовано пн, 05/03/2018 - 11:38 пользователем tvtДастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар 4 март ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.
Тавре аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҷумҳурии моро дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ варзишгар Сиёвуш Илёсов намояндагӣ мекунад. Ӯ дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва месанҷад.