Дар Суғд масъалаи дубора фаъол гардонидани комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баррасӣ гардид
Опубликовано пт, 02/03/2018 - 13:18 пользователем tvtДар назар аст, ки солҳои наздик яке аз коргоҳҳои пуриқтидори мамлакат-Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», воқеъ дар шимоли кишвар дубора фаъол гардад. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо директори ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» Ли Жангуан мавриди баррасӣ қарор гирифт.