Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст
Опубликовано ср, 07/03/2018 - 09:05 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз, 7 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.


Дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» бунёд ва дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расониданд.