Хабар

Ба Қонуни интихоботи Маҷлиси Олӣ тағйирот ворид гардид

Вакилони Парлумони Тоҷикистон 7 феврал ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид  намуданд.

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад.

Имрӯз, 8 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа  гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.

Дар Тоҷикистон маблағгузорӣ ва кумакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ дар маъракаи интихоботи президентӣ манъ карда мешавад

Ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ,  шахсони  ҳуқуқӣ,  шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва  дигар намуди кумаку дастгирии моддии маъракаи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад.

Страницы