Арабистони Саудӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва ҷалби васеи сайёҳони кишварҳои арабӣ омода аст
Опубликовано ср, 07/02/2018 - 13:21 пользователем tvtМасъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла, муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ва ҷалби сайёҳон, ҷалби сармояи сармоягузорони араб ба инфрасохтори сайёҳӣ, гузаронидани курсҳои бозомӯзии кормандони бахши сайёҳӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо Менеҷери иҷроияи шабакаи курортҳои «Raghadan Tourist Resort» доктор Солеҳ Тавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.