Хабар

Дархости Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост намуд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Имрӯз, 16 январ дар ҷумҳурӣ якбора ҳаво тағйир ёфта, боридани барфу борон ва вазиши сахти бод пешгӯӣ карда мешавад. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-4 дараҷа сард хоҳад шуд.

Тоҷикистон-сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс ва обҳои шифобахш. Дар Кӯлоб конференсияи сайёҳӣ баргузор гардид

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади рушди саёҳати дохилӣ ва шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии мамлакат таҳти унвони «Рушди  сайёҳӣ-омили пешрафти иқтисодиёти миллӣ» дар шаҳри Кӯлоб конференсияи сайёҳӣ баргузор намуд.

Страницы