Дар Душанбе Сирки Ӯзбекистонро хеле гарм истиқбол гирифтанд
Опубликовано вт, 09/01/2018 - 14:49 пользователем tvt
Барномаи ҷолиби ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон тӯли чанд рӯз аст, ки дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон рӯзе ду маротиба манзури тамошобинон мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ҳарчанд аз оғози намоишҳо қариб 10 рӯз гузаштааст, ҳанӯз ҳам талабгорони тамошои барномаҳои сиркӣ хеле зиёданд.


Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои тренерони сатҳи миллӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи «Дастгирии таҳсилоти босифат» аз 9 то 13 январи соли равон идома меёбад.
Дар асоси нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташреҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони пойтахт вохӯриҳо доир гардида истодаанд.