Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид мегардад
Опубликовано пн, 25/12/2017 - 11:42 пользователем tvtИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.