Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ дар назар аст
Опубликовано ср, 27/12/2017 - 09:15 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 27 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар буда, боридани борону барф пешбинӣ мешавад. Рӯзона пастшавии ҳарорат пешгӯӣ гашта, ба 8-10 дараҷа мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии шамол аз самти ғарб ба мушоҳида расида, то 20-25 метр дар як сония мевазад. Дар ҷануби кишвар чангу ғубор дар назар аст. Тӯли ин муддат дар баландиҳои 2000 м хатари тармафароӣ пешгӯӣ карда мешавад.