Имрӯз дар Тоҷикистон фаромадани туман дар назар аст
Опубликовано пт, 08/12/2017 - 09:57 пользователем tvtАгентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.


22 декабри соли 2017, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад.
Доналд Трамп – президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад. Дар ин бора агентии «РИА Новости» хабар дод.