Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон аз вилояти Суғд боздид анҷом дод
Опубликовано ср, 25/10/2017 - 11:04 пользователем tvt
Чанде пеш гурӯҳи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раҷабмо Ҳабибуллозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд қарор доштанд.


24 октябри соли 2017 бахшида ба Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва 25-умин солгарди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва СММ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии СММ-Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта ва роҳбарони зерсохторҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.