Хабар

Олимони Академияи илмҳо заминҷунбии мудҳиши соли 1907-ро таҳқиқ менамоянд

«110-солагии солгарди заминҷунбии Қаратоғ (21 октябри соли 1907) ва масъалаҳои муосири геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология»-таҳти чунин унвон пагоҳ, 25 октябри соли 2017, соати 09: 30 дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  сессияи  илмӣ баргузор мегардад.

Беҳтарин футболбози ҷаҳон муайян гардид

Сарвони тими мунтахаби Португалия ва дастаи шоҳонаи «Реал Мадрид» аз рӯи назарсанҷии ФИФА аз рақиби ҳамешагии хеш ҳамлавари тими миллии Аргентина ва дастаи “Барселона” Лионел Месси ва гаронарзиштарин футболбози сайёра Неймар пеш гузашта, беҳтарин футболбози соли 2017 шинохта шуд. Дар соли 2017 ӯ ҷоизадори Лигаи қаҳрамонҳо, Суперҷоми УЕФА ва Суперҷоми Испания гардид.

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мешавад

6 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳия ва вилоятҳо дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи аспдавонӣ ва кок-бору баргузор мешавад. Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Страницы