Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков
Опубликовано вт, 17/10/2017 - 10:33 пользователем tvtИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,
Дар робита ба интихоб гардиданатон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.


Имрӯз дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд.