Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ
Опубликовано пн, 16/10/2017 - 17:04 пользователем tvt
Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон ибни Саъд ал-Мурайхӣ, ки дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.


Дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Мавритания Исилку валади Аҳмад Изидбеҳро, ки кишварашро дар иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон роҳбарӣ дошт, барои мулоқот ба ҳузур пазируфтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчунин Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳро ба ҳузур пазируфтанд.