Хабар

Имрӯз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад

Имрӯз, 5 октябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни 90 кг оғоз мешавад.

Дастаи «Хуҷанд» ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт

Дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ба финали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт. Дар даври нимфиналӣ ин даста дар бозиҳои рафту баргашт бар дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи умумии 4:2 дастболо гардид. Бозии аввал миёни ин дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба нафъи дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  хотима ёфта буд.

Дар Душанбе нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баргузор гардид

4 октябр бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи забони давлатӣ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе нахустин ҳамоиши ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Пешвои миллат дар ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ ҳамчун сарвати бебаҳои миллат ва давлат» б

Страницы