Хабар

Ифтитоҳи расмии хатсайри қатораи боркаш аз Бандари Ганҷоу ба самти Тоҷикистон

24 сентябри соли равон дар шаҳри Ганҷоу маросими расмии ифтитоҳи хатсайри қатораи боркаш аз бандари Ганҷоуи музофоти Ҷиангсии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба самти Тоҷикистон доир гардид.

Табибон аз Санкт-Петербург бо ҳамкасбони душанбегиашон мубодилаи афкор менамоянд

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 то 27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоту суҳбатҳои ҳайати фарҳангӣ – соҳибкории Санкт-Петербург таҳти раёсати ноиби Губернатори Санкт-Петербург Анна Митянина бо роҳбарияти пойтахт ва намояндагони дигар сохторҳои марбутаи кишвар баргузор мегардад.

Муносиботи бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар чаҳорчӯбаи СММ баррасӣ гардид

22 сентябри соли 2017 дар Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддини Раббонӣ мулоқот кард.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, инчунин ҳамкории бисёрҷонибаи ду кишварро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид мавриди муҳокима қарор доданд.

Страницы