«ДУНЁИ МЕҲР» аз байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст истеъдодҳои нодирро дарёфт кард
Опубликовано сб, 23/09/2017 - 10:14 пользователем tvtШоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр» баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур, ки бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

