Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Чин
Опубликовано чт, 31/08/2017 - 20:31 пользователем tvtИмрӯз сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.
Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.


Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов 22 футболбозро барои омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба муқобили дастаи мунтахаби футболи Непал, ки 5 сентябр баргузор мешавад, даъват намуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаб 22 футболбоз: 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 2 ҳамлавар шомил шудаанд.