Хабар

21 август гирифти пурраи Офтоб ба амал меояд

21 августи соли 2017 гирифти пурраи навбатии Офтоб ба амал  меояд. Тавре Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иброз дошт, ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз мушоҳидачии дар рўи Замин буда мепўшонад, яъне торик мекунад.  

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии «Панҷ»

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии «Панҷ» дидан намуда, дар вазъияти тантанавӣ иншооти навбунёди онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҳалокати 13 нафар зимни амалҳои террористӣ дар Испания

Дар кишвари Испания дар як шабонарӯз ду амали террористӣ содир карда шуд. Дар шаҳри Барселона мошини боркаш ба роҳи пиёдагард баромада, гурӯҳи пиёдагардонро пахш кард. Дар натиҷа 13 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Страницы