Ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирии Вазорати корҳои дохилӣ барои бо мошин аз по афтонидани пиёдагард аз кор озод гардид
Опубликовано пт, 25/08/2017 - 09:40 пользователем tvt
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкории байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорат Парвиз Раҳимов, ки дар ҳолати мастӣ бо мошин пиёдагардро зер намуда, аз по афтонидааст, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз сафи мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.


Рӯзи дуюм аст, ки дар Корти тенниси тобистонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба шарафи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Дар баъзе расонаҳои иттилоотӣ ибтидо аз рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони «Баромади ансамбли доиранавозон боиси аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон гардид», мавод ба нашр расид. Атрофи ин мавод фикру мулоҳизаҳои нодуруст, аз ҳақиқат ва асли воқеа дур дарҷ гардиданд.