Шӯрои уламои Маркази исломӣ рӯзи иди саиди Қурбонро муайян кард
Опубликовано ср, 23/08/2017 - 14:49 пользователем tvtИди саиди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусалмонӣ 1 сентябри соли равон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин, Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, қарор қабул намуд. Зикр шуд, ки 1 сентябр соати 6:00-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.


Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз, 23 августи соли 2017 дар иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гардид, минбаъд дар Тоҷикистон гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони ти