Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи Бохтар
Опубликовано ср, 16/08/2017 - 08:42 пользователем tvtСубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар ташриф оварданд.
Роҳбарият, фаъолон, аҳли илму ҳунар ва намояндагони ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Заргари ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.


Бахшида ба 110-солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов дар ошёнаи дувуми Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони «Ахтари тобони тоҷик» ҷараён дорад, ки тамошобинон ва мухлисони ҳунари ин ҳунарманди асил имкон доранд тӯли як моҳ аз он дидан намоянд.