Соҳибкорону тоҷирони музофоти Хайнани Чин ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Опубликовано пт, 11/08/2017 - 13:23 пользователем sanjarНимаи дуюми моҳи август дар Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.
Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, ба Тоҷикистон меоянд.


Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад то охири соли 2017 шумораи донорон ё хунсупорандагони ҷумҳуриро ба 50 ҳазор нафар расонад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.
Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ 10 август бахшида ба Рӯзи варзишгарон барномаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, инчунин суҳбату мулоқот бо варзишгарон ва собиқадорони варзиш доир гардид.