Хабар

Дилшод Назаров барои медали тиллои Чемпионати ҷаҳон мубориза мебарад

Дилшод Назаров, дорандаи медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 4-ум то 13-уми август дар  пойтахти Британияи Кабир баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Дар Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мешавад

 Аз 23 то 27 августи соли равон дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон доир мегардад.

Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов бо унвони чемпиони ҷаҳон ва камарбанди WBB ба Ватан баргашт!

Муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов баъд аз дарёфти унвони  чемпиони ҷаҳон аз ИМА бо камарбанди WBB ба Ватан баргашт. Ӯ, ки чанде пеш ба дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи равияи WBB (“World Boxing Board”)  дар бокси касбӣ мушарраф гардида буд, ба Ватан баргашт.

Истиқболи Меҳрубон Сангинов дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ сурат гирифт.

Страницы