Номзадии Аҳмадинажодро дар интихоботи президентии Эрон рад карданд
Опубликовано пт, 21/04/2017 - 10:16 пользователем sanjarНомзадии раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар интихоботи навбатии президентии ин кишвар ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора расонаҳои Эрон хабар додаанд.
Аҳмадинажод, ки аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд, 19 апрел номзадияшро дар интихоботи навбатӣ пешбарӣ кард. Вале Ситоди интихоботии Эрон 20 апрел 6 довталаберо, ки аз тарафи Шӯрои нигаҳбон таъйид шуданд, эълом кард ва миёни онҳо номи раисҷумҳури пешин нест.

