Хабар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: 21-22 апрел фаромадани сангрезаву кӯҳпораҳо ва тарма дар назар аст

Мутобиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар 21-22 апрели соли ҷорӣ аз  сабаби боришоти зиёд дар ҷумҳурӣ таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ бошад хавфи омадани сел, лағзиши замин,  махсусан дар ҳудуди ВМКБ фаромадани сангрезаву куҳпораҳо ва фаромадани тарма  вуҷуд дорад.

Коргоҳҳои саноатии Суғд бо 41 мамлакати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ доранд

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2017 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 454616,4 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  26,9 фоиз зиёд гардидааст.

Ашт: аҳолии Саричашма бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардид

20 апрел дар маҳаллаи Саричашмаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт.  

Страницы