Хабар

Ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аввалин шуда нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро иҷро намуд

Дар асоси  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории кормандони ҷамоат бо ҷавонону волидайни даъватшавандагон, ҷамоати деҳоти  Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат аз байни 11 ҷамоати шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр  якумин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро иҷро намуд.

Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон ҳамкорӣ намояд

Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагии Агентии «Ҷайка» (JICA)-и Ҷопон дар хусуси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муроҷиат намудааст ва ҳамеша барои рушди ҳамкории дуҷонибаи судманд омода аст. Ин нуктаро Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Ҳидеки Танабе, роҳбари тозаинтихоби Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон баён дошт.

Модарони ноҳияи Рашт ба фарзандонашон хизмати содиқона ба Ватанро талқин намуданд

Дар ноҳияи Рашт дар рӯзи якуми гусели  наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории чорабинии тантанавӣ 37 нафарро барои хизмат ба Ватан сафарбар намуданд.

Страницы