Ҳамкории Тоҷикистон ва JICA густариш меёбанд
Опубликовано вт, 11/04/2017 - 11:31 пользователем sanjarБаргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар шаҳри Душанбе Ҳидеки Танабе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд