Хабар

Пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав 50-фоиза шуд

Бо мақсади иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 марти соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ба тасвиб расид.

Довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд, метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак онро барқарор намоянд

markazi_milli_testi.jpgМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои довталабоне, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бо сабабҳои гуногун ба он ворид шуда наметавонанд, мерасонад, ки рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродиашонро метавонанд бо фиристодани SMS-паёмак аз телефони мобилиашон барқарор намоянд.

Страницы