Ӯзбекистон дар Душанбе маҳсулоти саноатиашро ба намоиш мегузорад
Опубликовано вт, 28/03/2017 - 11:59 пользователем sanjarАз 17 то 21 апрели соли равон Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд.
Намоишгоҳ дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор гузаронида шуда, палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспосентр» аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ мебошанд.