Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ
Опубликовано пт, 24/03/2017 - 10:46 пользователем tvtДар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ин шаҳри бостонӣ дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзиданд.
Сокинони шукргузор ва ваҳдатсарои шаҳри Исфара Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шаҳомати махсус ва рӯҳияи идонаи наврӯзӣ пазироӣ карданд.


Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд ташриф оварданд.