Хабар

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ боридани борон дар назар аст

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, аз 21 то 23 март ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.

Баланд бардоштани фаҳмиши аҳолӣ нисбат ба бемориҳои «сурхча» ва «гулафшон»

Оид ба пешгирӣ ва назорати эпидимиологии бемории «сурхча» ва «гулафшон» дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо иштироки аъзои ситод ва менеҷерҳои КАТС-и ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ҷамъомади вилоятӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз дар Конибодом

Бо мақсади дар сатҳи баланди маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз ҷашнҳои қадимӣ ва маҳбуби халқи тоҷик мебошад, дар саросари шаҳри Конибодом корҳои омодагӣ бомаром ҷараён доранд.

Страницы