Хабар

Варзишгари навраси тоҷик соҳиби медали тилло гардид

Муҳаммадиқбол Тошов, варзишгари навраси тоҷик аз ноҳияи Мастчоҳ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, соҳиби медали тилло гардид.

Занони ҳунарманди Ашт ба Наврӯзи байналмилалӣ омодагӣ мебинанд

Барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил кардани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо занони ҳунарманди ноҳияи Ашт ба ҳунарҳои мардумӣ- кашидадӯзӣ ва гулдӯзӣ машғуланд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Неругоҳи барқии деҳаи Андарбаки водии Язгулом баъди навсозӣ бо иқтидори бештар ба кор андохта шуд

Неругоҳи хурди барқии Андарбаки водии Язгулом ягона манбаи таъминкунандаи сокинони ин водӣ бо неруи барқ мебошад. Ду сол пеш бар асари обхезию ҷорӣ шудани сел бинои асосӣ, шабакаи обрасонӣ ва чархҳои неругоҳ шадидан осеб дида, боиси аз фаъолият бозмондани ин неругоҳ гардид.

Страницы