Дар шаҳри Хоруғ маҳаллаи нав бунёд мешавад
Опубликовано вт, 14/03/2017 - 12:37 пользователем tvt
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақсади таъмин кардани сокинони шаҳри Хоруғ бо манзил ва муҳайё намудани хизматрасонии маишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ маҳаллаи нав бунёд карда мешавад. Ин маҳалла дар дашти Тем, дар канори бозори муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки аз маркази шаҳр 4 километр дур аст, ҷой гирифтааст.


Бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
То охири ҳафта дар пойтахти кишвар ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст. Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба қайд гирифта шудааст. Ҳаво аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.