Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар
Опубликовано пн, 06/02/2017 - 15:02 пользователем tvt
6 феврали соли 2017 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.


Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикисуғурта» дар баробари татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи давлатӣ, инчунин дар амалӣ намудани тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳдошти ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани кумаку дастгириҳои моддии сокинони кишвар дар ҳолатҳои номусоид равона гардидаанд, бо дарки масъулияти баланд муносибат менамояд.
Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Тоҷикистон ҳамоно зиёд аст. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова иттилоъ дод, ки Ситоди фаврии муштарак то ҳол дар ҷойҳои хатарнок фаъолият бурда истода, тамоми техникаи зарурӣ дар он ҷо сафарбар карда шудаст.