«Созандагони Ватан» ваъда доданд, ки Соли ҷавононро дар сатҳи баланди ифтихори миллӣ ҷашн мегиранд
Опубликовано ср, 01/02/2017 - 17:30 пользователем tvtБо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазируфта шудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи Барномаи амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҷавонон баргузор шуд.


Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамоиш ба муносибати аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ қабул гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо иштироки аҳли ҷамоати ноҳия баргузор гардид.