Хабар

«IRS» оқибатҳои тармафароиро дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ бартараф намуд

Дирӯз бар асари боришоти аз меъёр зиёди барф дар якчанд мавзеи роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ, шурӯъ аз километри 48 то 73-юми роҳи мазкур тарма фаромад, ки теъдоди онҳо зиёда аз 50 адад ва баландии ҳар кадоме зиёда аз 10 метрро ташкил медиҳанд. Тавре ки аз гуфтаи сокинони минтақаи мазкур бармеояд, онҳо чунин боришот ва тармафароиро дар чанд соли охир ёд надошта, чунин ҳолатро бори аввал мушоҳида намудаанд.

Бадахшон дар иҳотаи барф қарор дорад

Бар асари боришоти зиёди барф, ки тайи рўзҳои охир ба қайд гирифта шуд, дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон зиёда аз 60 адад тарма фаромада, боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт гардид. Дар ин бора Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бо назардошти вазъияти ба амаломада таҳти роҳбарии Раиси Ситоди ҳалатҳои фавқулода ва

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019. Филиппин -ҳамгурӯҳи мо. Маълумотномаи «Ховар»

23-юми январи соли 2017  қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2019 дастаҳои мунтахаби Филиппин, Яман ва Непалро дар гурӯҳи « F» бо дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳам овард. Аз ин рӯ мо зарур шуморидем, ки муаррифномаи «Ховар»-ро пешкаши хонандагон гардонем. Аз миёни ин дастаҳо нуфузи дастаи мунтахаби Филиппин аз ҳама боло меистад ва дар радабандии нави ФИФА дар зинаи 122 қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Филиппин ба федартсияи футболи Филиппин, ки яке аз қадимтарин федератсияҳои футболи Осиё ба шумор меравад, мансуб аст.

Страницы