Хабар

Омодагии "Истиқлол" дар Туркия давом дорад

Чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки тайёриро ба мавсими нав дар Туркия идома медиҳад, дирӯз бозии навбатии санҷишии худро бо дастаи «Пандурий»-и Руминия баргузор кард. Тавре сомонаи расмии «Истиқлол» хабар медиҳад, ин бозӣ бо натиҷаи 0:1 бо ғалабаи футболбозони «Пандурий» ба охир расид. Голи ягонаро Драгош Фиртелеску дар дақиқаи 33-юм ба нишон расонд.

Дар Боғи «Ирам» ҷашни Садаро таҷлил мекунанд

29 январи соли равон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаводорони рақсу суруд ва оҳангҳои дилнавозро ҷиҳати иштирок дар барномаи консертӣ бахшида ба ҷашни Сада, ки дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват мекунад.

Иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Кохи Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Страницы