«Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамояд
Опубликовано ср, 25/01/2017 - 20:50 пользователем admin
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум озмун эълон менамоянд.
Дар озмун журналистони касбӣ, адибону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба кори эҷодӣ алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистию публитсистӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа қабул карда мешаванд.
Озмун аз 1 феврал то 1 июн идома ёфта, дар арафаи 20 — солагии Рӯзи


Бино ба иттилои Федератсияи футболи Афғонистон, дастаи мунтахаби ин кишвар соли равон бозиҳои хонагии худро дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мегузаронад. 28 март Афғонистон ба ҳайси мизбон дастаи мунтахаби Ветнамро дар Душанбе ба ҳузур мепазирад.
Дирӯз дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои Раёсати фарҳанг, мудирони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, директорони китобхонаҳо, театрҳо ва клубу қасрҳои фарҳанг ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 ва нақшаи барномаҳо дар соли 2017 баргузор гардид.