Хабар

Ҳаким Фузайлов: «Аз натиҷаи қуръакашӣ қаноатмандам»

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар маросими қуръакашии бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019, ки дар шаҳри Абу-Дабии ИМА баргузор гардид, ширкат варзида, аз натиҷаи он қаноатмандӣ изҳор кард.
«Аз натиҷаи қуръакашӣ қаноатмандам. Дар бозиҳои интихобӣ дастаҳо ҳама баробаранд, ба ҷуз дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Урдун, ки дар сабади якум ҷойгир буданд.

Ба сокинони Файзобод ҷиҳати шарҳи Паёми Пешвои миллат маводи иттилоотӣ дастрас гардид

Ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо ва шаҳру навоҳии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Дар ноҳияи Файзобод ҷиҳати шарҳи Паёми Пешвои миллат корҳои фаҳмондадиҳию

Шавкат Бобозода: «Дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсоли беш аз 25 номгӯй маҳсулоти навро ба роҳ мондем»

Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ беш аз 25 номгӯй маҳулоти нав дар соҳаи саноати хӯрокворӣ истеҳсол гардидааст. Дар ин бора имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода иттилоъ дод.
«Дар ин давра истеҳсоли мураббои чормағзӣ, қайлаи помидорӣ, қанди ирис бо маззаи нок, себ, қулфинаю пудина, нуҳ навъи кулчақанд, панир аз шири чорвои хурд, истеҳсол ва бандубасти қурут ба роҳ монда шуд.

Страницы