Хабар

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 16 январи соли 2017 №8
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Назаров О.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Назаров Обид Одилович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта, мешавад:

«Муҳтарам Алмазбек Шаршенович,

Амалиёти ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар то 15 марти соли равон ҷараён мегирад

14 январи соли равон  бо иштироки ҷавонону омӯзгорон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ  дар чор ноҳияи пойтахт 75 рӯзи ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» доир гардид.  Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд,  дар  амалиёти мазкур дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.

Страницы