«Китоби сурх»-и Тоҷикистон дар ду қисм ва бо 3 забон нашр мешавад
Опубликовано вт, 17/01/2017 - 15:30 пользователем tvtоли 2016 дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда матни тоҷикии «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, айни ҳол чопи ин китоб дар ду қисм бо 3 забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) омода шуда истодааст. Дар ин бора Хайрулло Ибодзода, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

