Хабар

Паёми Президент -роҳнамои фардои ҷомеа

Самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ба соҳаи маориф нигаронида шудаанд, зимни нишасти илмӣ-амалие, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Паёми Президент -роҳнамои фардои ҷомеа» доир гардид, баррасӣ шуд.

Дар Суғд соли 2017- соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ эълон шуд

Бо қарори Раиси вилояти Суғд соли 2017 дар вилояти Суғд «Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» эълон ва доир ба ин масъала барномаи махсус қабул карда шуд.
Дар ин бора дирӯз зимни баргузории иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.

Театрҳои мамлакат барои хурдсолон намоишҳои солинавӣ пешниҳод мекунанд

Бахшида ба истиқболи Соли нави мелодии 2017 дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои солинавӣ ва афсонаҳо барои хурдсолон ба саҳна гузошта мешаванд.

Страницы