Хабар

Иштироки Пешвои миллат дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти роҳбарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Базмгоҳи асосии истиқболи Соли нави мелодии 2017 майдони «Дӯстӣ» мебошад

Базмгоҳи асосии таҷлили Соли нави мелодии 2017 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе майдони «Дӯстӣ» -и пойтахт мебошад, ки аллакай дар ин ҷо арчаи солинавӣ гузошта шуда, бо чароғакҳои гуногун оро дода шудааст. Бояд зикр кард, ки 31 декабр аз соати 19:00 то 21:00 дар майдони «Дӯстӣ» барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, бо мушакпарронии панҷдақиқаина анҷом меёбад.

Баррасии Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар Парлумон

Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Муҳаммадато Султонов котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.

Страницы