Хабар

Наваскарони отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ савганд ёд карданд

Дар отрядҳои сарҳадии «Хоруғ», «Ҳамадонӣ», «Панҷакент» ва Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии зиёда аз 500 нафар наваскарон баргузор гардид.

Вазорати тандурустӣ: Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ хатар дорад

Бо фарорасии фасли сармо бемориҳои роҳҳои нафас, шамолхӯрӣ ва зуком авҷ гирифта, мардум барои муолиҷа ба назди духтур неву сӯи дорухона мераванд. Дар дорухона, пеш аз ҳама, ба беморон доруҳои зиддимикробӣ ё худ антибиотик тавсия медиҳанд. Имрўз мутобиқат ба доруҳои зиддимикробӣ (антибиотикҳо) дар ҷаҳон ба як хатари ҷиддӣ табдил ёфта, он метавонад ба вазъи солимии аҳли башар таҳдид намояд.

Дар Вазорати фарҳанг доир ба масъалаҳои рушди минбаъдаи фарҳанг ва санъат ҳамоиш доир мегардад

16 декабри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии масъалаҳои рушди минбаъдаи фарҳанг ва санъат ҳамоиш баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ҳамоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, собиқ вазирони фарҳанги кишвар, коршиносони соҳаи фарҳанг ва санъат иштирок мекунанд.

Страницы