Хабар

Дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар лигаи минтақавии «КВН»-«Ала-Тоо» ҷои аввалро соҳиб шуд

Дастаи мунтахаби хушдилон ва ҳозирҷавобони Тоҷикистон ғолиби лигаи минтақавии «КВН»-«Ала-Тоо»-и шаҳри Бишкек гардид.
Тавре Хайрулло Мирсаидов, роҳбари дастаи мунтахаби хушдилон ва ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар озмуни минтақавии «КВН» ба Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ дод, ин пирӯзӣ дар 15 соли мавҷудияти даста нахустин бор сурат гирифтааст.

Донишҷӯёни ДДХ ғолиби мусобиқаи шоҳмот шуданд

Сабқати вилоятӣ байни шоҳмотбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо пирӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба итмом расид. Сабқат шаш рӯз давом кард ва дар он наздики 50 нафар аз шоҳмотбозони баргузидаи вилоят ширкат доштанд. 

Созишномаи сармоягузории ширкати «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ» (ҶХХ) оид ба корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамидро вакилони Парлумон муҳокима намуданд

Субҳи имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид.

Страницы