Хабар

Дар Душанбе машваратҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия баргузор гардиданд

9 ноябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Котиби давлатӣ – муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасинро, ки ҷиҳати иштирок дар машваратҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шуд

Номзад ба мансаби президенти ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар интихобот ғолибият ба даст овард. Дар ин бора агентии «Ассошиэйтед Пресс» хабар медиҳад.

«Доналд Трамп президенти ИМА интихоб шуд», — гуфта мешавад дар иттилоия.

Страницы