Маросими савгандёдкунии наваскарон дар «Майдони Қаҳрамонон»-и Конибодом
Опубликовано ср, 09/11/2016 - 11:55 пользователем tvtДар «Майдони Қаҳрамонон»-и шаҳри Конибодом барномаи идона ва маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии 04080 доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, наваскарон дар назди иширокдорон дар вазъияти тантанавӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он даъват кард.