Хабар

Пагоҳ Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 ба кори худ оғоз мебахшад

Аз 8 то 15 октяби соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 баргузор мегардад.
Форум ба дуюмин солгарди Рӯзи соҳибкор бахшида шуда, зимни баргузории он натиҷаҳои ислоҳот, таҷрибаи муваффақи соҳибкорӣ ва пайдо намудани роҳҳои муосири рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар Хуҷанд ғолиби озмуни шаҳрии «Омӯзгори сол-2016» муайян гашт

Дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори сол-2016» ҷамъбаст гардид. Аз 150 нафар иштирокчии даври ибтидоии озмун, ба даври ниҳоӣ танҳо 3 нафар беҳтаринҳо-Наима Раҳматова, Санавбар Назарова ва Машҳура Қодирова роҳхат гирифтанд.

Деваштич: гусели нахустин гурӯҳи наваскарон барои хизмат ба Ватан

Айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, дирӯз дар ноҳия аввалин гурӯҳи наваскарон барои хизмат ба Ватан сафарбар гардиданд.

Страницы